Х вирус моро таҳдид мекунад! Чӣ бояд кард?

Аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ), ҳар сол то 2 млрд одам ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуда, аз ин миқдор то 17 млн. мефавтад. Шиддат ёфтани протсеси  эволютсияи  эпидемиологии бисёр бемориҳои сироятӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Оид ба ҳолати эпидемиологии имрӯзаи ҷаҳон, хуруҷ, хатар ва таъсири минбаъдаи бемориҳои сироятӣ дар оянда ва эмин мондан аз оқибатҳои нохуши он суҳбате доштем бо Ниёз Одинаев, мудири кафедраи эпидемологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

— COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ тамоми сайёраро фаро гирифт ва хисороти азими моливу ҷонӣ ба тамоми кишварҳо расонд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда боз  ҳамин гуна бемориҳо инсониятро таҳдид хоҳанд кард. Дар робита ба ин, вазъи эпидемиологии имрӯзаи ҷаҳонро чӣ сон тавзеҳ медиҳед ва хатари бемориҳои сироятӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

— Ҳар рӯз дар ҷаҳон то 50 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятӣ мефавтад. Ҳамин тавр барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ сабаби аввалиндараҷаи фавти барвақтии одамон дониста шудаанд. То 50 дарсади  мардуми олам зери хатари эпидемияи барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ умр ба сар мебаранд. Бештари бемориҳои сироятӣ чун вараҷа, вабо, бемории сил дар ҳолати  нестшавӣ қарор доштанд, аммо аз охирҳои солҳои 80 — и асри ХХ  боз хатари эпидемияи онҳо дар бештари мамлакатҳо ба вуҷуд омад. Аз ин хотир соли 1997  ҷаҳониён Рӯзи саломатиро (7 апрел) бо шиори “Бемориҳои сироятӣ ҳамла мекунанд – ҳама ба муқобили  душмани глобалӣ“ таҷлил намуда буданд.

-Сабаби аз нав хуруҷ кардани ин бемориҳо дар чист ва чӣ паёмадҳое доранд?

-Гап дар ин, ки сол ба сол муқовимати барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ба антибиотикҳо ва маҳлулҳои безараргардонӣ (дизинфексионӣ) ба боло рафта истодааст, ки ин ҳолати номбурдаро боз мураккабтар месозад. Аз он хотир, ки муқовимати барангезандаҳои бемориҳои сил (туберкулёз), мененгитҳо, илтиҳобҳои шуш ба антибиотикҳо хеле баланд рафтааст, бинобар ин, дар ҷаҳони имрӯз аз ин бемориҳо милионҳо ба фавт дучор мегарданд.

-Солҳои охир чанд намуди барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ пайдо ва омўхта шудаанд ва оё теъдоди онҳо сол то сол меафзояд ё кам мешавад?

— Дар 40 соли охир беш аз  35 намуди барангезандаҳои  бемориҳои сироятӣ, аз вируси марговари таби хунрезӣ эбола сар карда, то ротовирус, ки яке аз вирусҳои паҳнгашта ва барангезандаи диареяи кўдакон мебошад, пайдо ва , ҳамзамон, омўхта шудаанд. Бештари ин барангезандаҳои нави бемориҳои сироятӣ раванди вазнин дошта,  ба фавт мерасонанд. Таҳқиқоту мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди  барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ сол то сол афзоиш меёбад.  Мутаассифона, моро ҳамеша  барангезандаи Х, ки ҳоло пайдо нагардидааст ва ё нав худро нишон медиҳад, интизор аст.  Онро  солҳои минбаъда тадқиқи саҳеҳ хоҳанд кард. Масалан, дар 15 соли охир  якчанд барангезандаҳои вирусии бемориҳои сироятӣ ба мисли метапневмовирус, бокавирус, зукомҳои “паранда“,“хукӣ“ коронавируҳо ва ғ. муайян гардиданд. Аз дигар тараф имрўз баъзе бемориҳои маълуми соматикӣ чун захми меъда ва  сари бачадон, ки сабабгорашон  барангезандаҳо будааст, тасдиқи худро ёфтаанд.

-Бигӯед, ки бемориҳои саратони бадсифат бо барангезандаҳо чӣ рабте доранд?

-Тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки сабаби бештари  пайдоиши бемориҳои саратони бадсифат низ бо барангезандаҳо чун папиломавирус, герпесвирусҳо, вируси гепатитҳо В ва С, вирусҳои лимфотропии вируси LVI, II, илтҳоби миокарди дил (энтеровируси кардиотропи, вируси Коксаки) бемории захми меъдаву рӯда (H. pylori)  алоқамадӣ доштаанд

Мо метавонем дар ин бора садҳо мисол орем. Масалан, эпидемияи гулузиндонак ва фалаҷ (дифтерия и полимиелит), бо машаққату сарфи маблағҳои зиёд ва назорати сахти эпидемикӣ масунияти  вайроншудаи ҷамъиятӣ барқарор ва ин беморҳо бартараф гардиданд. Имрӯз бошад, пандемияи коронавируси COVID-19 ба мо дарси ибрат аст.

-Модоме ки бемориҳои сироятӣ сол то сол бештар хуруҷ мекунанд, пас чӣ бояд кард, ки аз онҳо эмин бимонем?

-Мавриди зикр аст, ки бемориҳои сироятӣ хунукназариву беэҳтиётӣ ва кундфаҳмиро  нисбат ба худашон хуш надоранд, онҳо қасдгир мебошанд.  Қасди худро  бо хуруҷ ва фаъол шудани эпидемияю пандемияҳо   ҳаёти миллионҳо нафарро ба беморӣ ва марг дучор месозад. Мо пеш аз ҳама бояд системаи санитарӣ — эпидемиологии кишвари худро пурқувват созем. Ҳаминро бояд эътироф кард, ки системаи санитарӣ — эпидемиологии даврони Шўравӣ дар љаҳон дар љои аввал меистод ва дар амал хеле обутобёфта  буд ва имрўз Россия низ дар ин соҳа  худашро хуб нишон дод.

Бинобар ин, мо бояд ба ин системаи озмудашуда такя кунем ва мутахассисони худро, бахусус, эпидемиологҳо, вирусологҳо, бактериологҳоро,  ҳарчи бештар дар макотиби олии Россия омода намоем.

-Ба назари шумо, муборизаи мардум алайҳи ин вирусҳо бояд чӣ тавр бошад?

— Барои мубориза мо бояд худро омода созем. Барои ин муқовимати организм ва  он узвҳое, ки он зарар мерасонад,  баланд бардорем. Вирус пеш аз ҳама, ба хун, шуш ва рўдаҳо осеб мерасонад. Барои пурқувват намудани онҳо чӣ бояд кард. Мо медонем,  ки узвҳоро хунгардиши хуб пурқувват менамояд. Хун дар мағзи устухонҳо тавлид меёбад ва барои тавлиди хуни солим мо бояд хунгардишро дар мағзи устухон хуб ба роҳ монем. Он тавассути  фаъолияти ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, мо бояд ҳар рўз то ҳадди имкон аз рўи қуввату қудрати организм дар ҳавои тоза ҳаракат намоем. Ҳаракат то ҳадде сурат гирад, ки шахс арақ кунад, набзаш то 100, 120 баланд шавад ва аз ҷавонҳо боз баландтар то ба 140  расад ва нафаскашӣ тез гардад.

Барои муқовимати шушро баланд кардан, низ фаъолияти ҷисмонӣ зарур аст. Онҳое, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ хеле кам машѓуланд, баъзе мавзеъҳои шуш, хусусан, қисмҳои болоӣ беҳаракат ва қариб аз фаъолият мемонанд ва заиф мешаванд. Муқовиматашон барои микроб ва вирусҳо паст мегардад.

-Тибқи маълумоти  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ то 8 апрели соли равон дар ҷаҳон 133 698 363 нафар сироят ёфта, 2 901 130 нафар фавтидааст. Теъдоди гирифторони ин беморӣ дар як шабонарӯз 652 085 нафар ва фавтидагон 12 971 нафар афзудааст. Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят ва фавт дар ИМА Бразилия, Ҳиндустон, Франсия, Россия, Британияи Кабир, Италия, Туркия  ба қайд гирифта шудааст. Воқеан, саволе ба миён меояд, ки чаро коронавирус аз Тоҷикистон, хушбахтона,” рахти сафар” баста, сирояти он дар кишварҳои мазкур то ҳанӯз идома дорад?

-Бояд тазаккур дод, ки пеш аз ҳама омилҳои табиии Тоҷикистон-гармӣ, хушкӣ ва нурҳои ултрабунафши офтоб ба коронавирус таъсири манфӣ расонда, онҳоро заиф сохт. Аксари шаҳрвандон аз ин вируси заифгашта сироят ёфта, бемориро сабук гузаронданд ва баъзеашон ҳатто эҳсос накарданд ва дар хунашон антитела пайдо шуд. Тадқиқоти мо нишон дод, ки дар 78 дарсади мардум антитела пайдо гардида, масунияти ҷамъиятиро ба вуҷуд овард, ки ин сироятёбиро аз байн бурд. Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки чун аксари мардуми мо дар саҳро кору фаъолият доранду асосан, дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд ва конденсионер надоранд, бинобар ин дару тирезаҳоро аксари вақт кушода мегузоранду ҳавои хона тоза мешавад. Ин омилҳо низ боиси аз байн рафтани ин беморӣ гардид. Масалан, имрўзҳо агар дараҷаи афканиши нурҳои ултрабунафши офтоб дар Тоҷикистон 8 бошад, дар Италия ба 3 баробар аст. Нурҳои ултрабунфш дар ҳавои кушод ҳамаи намуди вирусҳоро дар якчанд дақиқа нобуд месозад. Коронавирус дар ҷойи салқину рутубатнок афзоиш меёбад. Омилҳои асосии идома ва афзоиши сирояти беморӣ дар ин кишварҳо аз як тараф обу ҳавои салқину рутубатнок бошад, аз тарафи дигар истифодаи коденсионерҳост. Ҳаминро бояд қайд кард, ки вирус дар хонаҳое, ки коденсионерҳоро истифода мебаранд, муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад ва заҳрнокиаш низ меафзояд.  Сокинони ин кишварҳо, аз ҷумла, мамолики араб  ба таври васеъ ҳам дар хона ва ҳам дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври васеъ аз конденсионерҳо истифода мебаранд. Бинобар  ҳамин сироятёбӣ дар ин кишварҳо идома дорад ва то ҳол масунияти ҷамъиятӣ пайдо нашудааст.

Мусоҳиб Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *