Хабар дорӣ, муҳоҷир?! 1000 рубл 100 сомонӣ мешавад

Аз аввали соли ҷорӣ қимати рубли русӣ поён рафта истодааст. Беқурбшавии рубли русӣ баъд аз 27-уми март шиддат гирифт.

Рубл ва муҳоҷир

Агар 27-уми март дар нуқтаҳои мубодилоти асъор 1000 рублро 142 сомонӣ иваз мекарданд, ҳудуди ду ҳафта пас ҳамин миқдор пулро 132 сомонӣ иваз карданд. Уфти сомонӣ нисбат ба рубл дар ин давра 7,7%-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, арзон шудани рубл ба буҷаи муҳоҷирон низ хисорот ворид месозад. Мутаносибан, қурби рубл дар баробари сомонӣ ҳар қадар боло равад, ҳамон қадар даромади хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ бештар мешавад.

Тибқи иттилои манобеи мухталиф, имрӯз беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Бори охир баҳори соли гузашта дар натиҷаи таҳримҳои Ғарб қурби асъори русӣ нисбат ба асъори миллӣ то ҳудуди 60 сомонӣ поён фаромада буд. Вале баъдтар дар тирамоҳ қурби рубл боло рафт ва мақоми пештараи худро соҳиб шуд. 

Сабабҳои беқурбшавии рубл

Ҳоло як доллар ба 82 ва як евро ба 88 рубл баробар аст. Моҳи март доллар ба 77 ва евро ба 81 рубл баробар буд. Чаро чунин шуд?

Коршиносон омили якуми пастшавии қурби пули русиро таҳримҳои сиёсию иқтисодӣ ва омили дуюмро афзоиши воридот медонанд. Иқтисоди Русия аз кишварҳои Аврупову Амрико ва ҳампаймонони онҳо сахт вобастагӣ дорад. Масалан, Русия аз ин кишварҳо таҷҳизоти электрониро ворид месозад.

Омили сеюм арзон шудани арзиши нафт ва омили чорум коҳиш ё касри асъор мебошад. Ҳар касе, ки асъор дорад, кӯшиш мекунад онро нигоҳ дорад. Коҳиши асъор натиҷаи дастрасии маҳдуди бонкҳои давлатии Русия ба манобеи молиявии Ғарб аст.

Омили панҷум заминаҳои дохилии Русия аст, яъне ҳама чизе, ки имкон намедиҳад, то рубл мустаҳкам шавад: иқтисоди заиф, таваррум, ки аллакай аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда болотар аст. Иқтисоди заиф заминаи умумии номусоид ва таҳкурсиест, ки ин бинои рахна бар он меистад.

Бархе коршиносон ба ин назаранд, ки коҳиши қурби рубл кори дасти иқтисоддонҳои давлат буда, барои дарёфти фоида ё ба манфиати буҷаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Чунки бо ин роҳ метавон касри буҷаро пур кард. Доллару еврои қимматро давлат фурӯхта, бо ин усул буҷаи худро пур мекунад ва нафақаву маоши кормандони буҷавӣ, инчунин қарзҳои хориҷии худро мепардозад.

Аз ҳад зиёд арзон шудани рубл ҳам на фақат иқтисоди Русия, балки кишварҳои ИДМ-ро низ хеле заиф мегардонад. Бинобар ин, ҳоло ҳукумати Русия як тавозунеро мехоҳад риоя кунад, ки ҳам барои буҷаи вай ва ҳам мардум манфиатнок бошад.

Инчунин, масъулини ҳукумати Русия сабаби коҳиши феълии қурби рублро якбора ба чанд омил — кам шудани боварии мардум ба устувории рубл, дар сатҳи паст будани фурӯши асъор аз ҷониби содиркунандагон, коҳиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст рафтани меъёри калидии (тахфифии) қарз, кам гардидани харидуфурӯши маҷмуи асъор ва ҳамчунин фурӯши тиҷорат дар Русия аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ марбут медонанд.

1000 рубл 100 сомонӣ мешавад?

«Мо интизорем, ки давраи мутобиқшавии иқтисоди Русия ва содиркунандагони молу маҳсулот ба таҳримҳои беруна чанд моҳи дигар тӯл мекашад, ки пас аз он вазъ дар вуруди асъор метавонад беҳтар шавад ва қурби рубл дар фасли баҳор муътадил ва дар тобистони ҳамин сол каме мустаҳкамтар шавад. Барои он ки рубл ба таври назаррас таҳаввул нишон диҳад, нафти Brent бояд ба таври қатъӣ камаш як ё ду моҳ аз ҳудуди $85/барр устувор бошад. Дар моҳҳои оянда қурби як доллар ба 75-85 рубл баробар хоҳад буд»,- ақида дорад Алексей Заботкин, муовини раиси Бонки марказии Русия.

Нашрияи “Рамблер” ба ин ақида аст, ки то охири сол як доллар ба 95 рубл баробар хоҳад шуд. Соли гузашта даромади буҷаи давлатӣ аз ҳисоби нафт хеле зиёд буд. Аз ин рӯ як доллар дар фосилаи 70-80 рубл қарор дошт. Имсол вазъият дигаргунатар аст, аз ин сабаб як доллар дар фосилаи 80-95 рубл баробар хоҳад буд.

Агар сад доллар 9,5 ҳазор рубл шавад, он гоҳ аз рӯи ҳисобҳо 1000 рубл ба 100 сомонӣ баробар хоҳад шуд, ки ин ҳолат ба буҷаи муҳоҷирон зарари калон хоҳад расонд.

Миръатулло АТОӢ, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *