Хабари боздошти террористон тасдиқ шуд

Аз ҷониби қувваҳои амниятӣ ҳамлаҳои террористӣ нисбати нуқтаҳои  Пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Россия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шуданд.

Тибқи маълумоти котиби дафтари матбуоти КДАМ ҶТ, дар воқеъ далели омодагӣ ба амали террористӣ ҷой доштааст.

Бо истинод ба маълумоти расида,  маълум гардид,  ки муовини аввали раиси КДАМ ҶТ, генерал-лейтенант М. Умаров дар доираи музокироти парлумонӣ дар Маҷлиси Олӣ изҳор доштааст, ки «тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода мешавад».

М. Умаров ҳамчунин хабар додааст, ки террористон ба сафҳои «Давлати исломӣ» ҷалб шуда, тариқи интернет ба ин созмон савганди садоқат ёд кардаанд. Онҳо нисбат ба пойгоҳи низомии 201 Россия дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир карданӣ будаанд.

«Лекин бо кӯшиши КДАМ ин амалҳои террористӣ пешгирӣ шуда, иштирокчиёни он бо далелҳои шайъӣ ҳафтаи гузашта дар хонаи яке аз аъзои гурӯҳ дастгир шудаанд»,- хабар дод генерал-лейтенант.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *