Хабари фаврӣ: “Сӯрохии сиёҳ” аксбардорӣ шуд

Барои нахустин бор дар таърихи инсоният ситорашиносони ҷаҳон тавонистанд аз “сӯрохии сиёҳ” (“сиёҳчола”) акс бардошта ва онро мунташир кунанд.

Барои нахустин бор дар таърихи инсоният ситорашиносони ҷаҳон тавонистанд аз “сӯрохии сиёҳ” (“сиёҳчола”) акс бардошта ва онро мунташир кунанд.

“Сӯрохии сиёҳ”, ки донишмандон онро “Деви сиёҳ” низ номгузорӣ кардаанд, тавассути 8 телескоп дар манотиқи мухалифи ҷаҳон аксбардорӣ шудааст.

Бузургии “сӯрохии сиёҳ” 40 миллиард  километрро ташкил медиҳад, ки аз ҳаҷми Замин 3 миллион баробар калон аст.

Ин хабар барои олами илм ончунон муҳим аст, ки дар ин замина дар шаш шаҳри ҷаҳон: Брюселл, Вашингтон, Сантяго-де-Чилӣ, Тайбей, Токио ва Шанхай бо ҷаҳор забон нишастҳои фаврии хабарӣ баргузор шуданд.

Бори аввал олимони Аврупо дар асри 18 дар бораи вуҷуди “сӯрохии сиёҳ” маълумот пайдо карда, аммо то имрӯз далеле барои исботи он дар даст надоштанд.

Атрофи “сӯрохии сиёҳ”-ро ҳалқаи оташини газ иҳота кардааст, ки дар акс баръало ба чашм мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *