Хабари нохуш аз Megafon: хизматрасонии интернет қиммат шуд!
Шаби гузашта муштариёни шабакаи Megafon паёмаки нохушеро дарёфт карданд. Дар паёмак аз боло рафтани арзиши интернет дар телефонҳои мобилӣ “мужда” медиҳад.
Шаби гузашта муштариёни шабакаи Megafon паёмаки нохушеро дарёфт карданд. Дар паёмак аз боло рафтани арзиши интернет дар телефонҳои мобилӣ “мужда” медиҳад.
“Муштарии муҳтарам! Бофармони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рақами 31 аз 04.03.2019 ба нархномаи хизматрасониҳои мобилӣ тағйиротҳо ворид гашта, таруфаатон моҳи ҷорӣ иваз мегардад. Муфассалтар дар сомонаи megafon.tj”.
Зимнан, қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди афзоиши қиммати интернети мобилӣ бояд ҳанӯз дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ амалӣ мешуд. Вале ба далели музокироти ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ иҷрои ин қарор аз рӯзи 13 апрел шурӯъ гардид.
Феълан ду ширкати мобилӣ-Megafon ва Tcell расман муштариёни худро тавассути паёмак аз боло рафтани нархи интернети мобилӣ огоҳ карданд.
Тибқи муқаррароти нав нархи 1 мегабайт интернет бо андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва 1 гигабайн 62 сомонӣ арзиш дорад.Қаблан ин нархнома то 32сомониро ташкил медод.
Ин дар ҳолест, ки Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат- Speedtest Global Index Тоҷикистон дар миёни 124кишвари ҷаҳон дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.
Тибқи ин гузориш Қазоқистон дар заминаи суръати Интернети мобилӣ дар ҷойи 74,Қирғизистон 94 ва Ӯзбекистон 110 қарор доранд.
Тоҷикистон дар рӯихати кишварҳои дорои интернети аз ҳам суст дар паҳлуи Афғонистон, Ироқ, Алҷазоир ва Венесуэла ҷой гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ