Хабари оҷил: Русия аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шуд
Бар асоси қарори Агентии ҷаҳонии антидопинг (ВАДА), варзишгарони Русия ба далели истеъмоли маводи ғайриқонунии нерубахш (допинг) аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои Олимпӣ ва бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шуданд.
Ҳамчунин, тибқи ин қарор, Русия наметавонад дар қаламраваш мусобиқоти калони варзишӣ баргузор кунад.
Дар сурати собит шудани истеъмол накардани маводи допингӣ варзишгарони Русия имкон доранд дар мусобиқоти байналмилалии варзишӣ таҳти парчами нейтрал ва ба ҳангоми ғолибият бидуни суруди миллии Русия ширкат кунанд.
Феълан Русия ҳақ дорад аз қарори Агентии ҷаҳонии антидопинг ба Суди варзишии арбитражӣ шикоят барад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ