тармаи Хоруғ

Хабари расмӣ: Тарма дар Хоруғ 13 нафарро ҳалок кардааст

Бино ба иттилои ахири Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, тарма дар Хоруғ 13 нафарро ҳалок кардааст, ки ду нафари онҳо ҳамагӣ ду сол доштаанд.

— Дар роҳи ҷаноза ду сокини ноҳияи Ванҷ низ зери трама монданд, ки якеро наҷот доданд, дуюмӣ ҳамоно ҷустуҷӯ мешавад. Хатари тарма дар роҳҳои куҳии кишвар то 19-уми феврал идома мекунад,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 15-уми феврали соли 2023 тахминан соати 09:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши шадиди барф болои хонаҳои истиқоматии сокинони маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ тарма фуруд омад. Дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шудаанд. 13 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Ҳамзамон, КҲФ иттилоъ медиҳад, ки ҳамон рӯз тахминан соати 12:08 бо вақти маҳаллӣ миёни деҳаҳои Садвад ва Седи ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи ВМКБ як сокини 30-солаи ин деҳа зери тарма монда, ҷон бохтааст. Сокинони деҳа ҷасади ӯро берун оварда, ба соҳибонаш супурдаанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *