Хабари садамаи набераи вазир дар Хуҷанд ва раддияи ВКД
Хабари сомонаи Ахбор Ком:
Шоми ҷумъа, 25 январ, тахминан соати 20, набераи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мошини «Mersedes GL” дар назди як фурӯшгоҳ дар шаҳри Хуҷанд Бахтовар Салимов, сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро пахш кардааст. Бо айби кӣ рух додани ин садама ҳанӯз маълум нест. Бахтовар Салимов ҳоло дар ҳолати мадҳушӣ(кома) дар бемористони вилоятӣ таҳти табобат қарор дорад. Наздикони Бахтовар Салимов мегӯянд, ӯро наздикони сарвазир Қоҳир Расулзода ба ӯҳдаи худ гирифтаанд.
Бахтовар Салимов, ки дар истироҳатгоҳи «Баҳористон” ба ҳайси посбон кор мекард, шоми ҷумъа, 25 январ ҳангоми аз кор баргаштан мехоҳад аз фурӯшгоҳи Хуҷанд барои ҷиянҳояш памперсу банан бихарад. Вале соати тақрибаш ҳашти шом ҳангоми аз роҳ гузаштан Бахтоварро як мошини «Mersedes GL” пахш кард.
Ба гуфтаи шоҳидон, зарба чунон сахт буд, ки мошин Бахтовар Салимовро чанд метр кашида бурд ва ӯ бо сараш ба даруни ҷӯйи бетонӣ (лоток) афтод. Ӯро бо сару рӯи кафида ва дасту пойи шикаста ба беморхонаи наздиктарин – беморхонаи вилоятии воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷандрасонданд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор” маълум шудааст, ки ронандаи мошини «Mersedes GL” набераи 23-солаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода будааст.
Дӯстони Бахтовар Салимов мегӯянд, наздикони сарвазир ба беморхона омада, табобати ӯро ба ӯҳдаи худ гирифтаанд.
Духтурон ҳолати Бахтоварро хеле вазнин арзёбӣ намуда, гуфтаанд,ки ӯ дар ҳолати кома қарор дорад.
Бахтовар Салимови 23-сола баъди як мох тӯйи арӯсӣ дошт, вале зоҳиран ин ҳодисаи ахир ин рӯйдоди муҳим дар зиндагии ӯро ба муддати номаълум ба таъхир меандозад.
ВКД бо раддияе аз беасос будани хабри мазкур хабар дод:
Раддияи ВКД
Сомонаи иҷтимоии «Ахбор.Ком» хабар паҳн намудааст, ки рӯзи 25 январи соли 2019, тахминан соати 20, гӯё набераи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мошини «Mersedes GL» дар назди як фурӯшгоҳ дар шаҳри Хуҷанд Бахтовар Салимов, сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро пахш кардааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Mersedes GL» Раҳмонов Валиҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Асирӣ, хонаи 81, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Зимни таҳқиқ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур Раҳмонов Валиҷон Ҳакимович ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ягон муносибати хешу таборӣ надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ