Хабарнигор дар синни пайғамбарӣ аз олам даргузашт

Дирӯз, 31-уми март хабарнигори варзишӣ Фарҳод Ҷабборов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 63-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ узви фаъоли Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон буд.

Шореҳи футбол соли гузашта бемор шуд ва чанд ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд. Ба гуфтаи наздиконаш, Фарҳод Ҷабборов вақтҳои охир худро хуб ҳис мекард ва ҳатто дар якчанд чорабинии варзишӣ ширкат кардааст.

— Фарҳод Ҷабборов дар рушду густариши футбол дар кишвари мо саҳми бузург гузоштааст. Вай тайи даҳ соли ахир раҳбарии дафтари матбуоти Федератсияи футболи шаҳри Душанберо бар уҳда дошт,- менигорад дар саҳифаи фейсбукии худ Нарзулло Латипов.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони рӯзноманигор таслияти самимӣ баён мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *