Хабарнигори “Оила” кӯдаки навзодро аз марг наҷот дод!
Дирӯз соати 20-и шом дар деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зада, тамоми сокинони ин деҳаро нигарон намуд.
Як шаҳрванди ин деҳа, ки аз гуфтани номаш худорӣ намуд, гуфт, ки сӯхтор бар асари ба ҳамдигар расидани ноқилҳои барқӣ ва печидани оташи он ба пардаҳои тиреза дар хонаи эшони машҳури ин деҳа Саидаъзам рух дода, тамоми асбобу анҷомҳои ин хонадонро ба хокистар табдил додааст.
Хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” Рустам Азимов, ҳамроҳи 5 нафар сокинони дигари деҳа худро ба миёни алангаи оташ зада, аз хонаи сӯхтаистода кӯдаки дар гаҳвора хоб, писари маъюби 25 сола ва келинҳои эшонро бо азобҳои алим берун оварданд.
Абдулло, як сокини ин деҳа мегӯяд “мо то омадани сӯхторхомӯшкунандагон тамоми асбобу анҷомҳои нисмсӯхтаи хонаро берун овардем ва танҳо лахчаҳои боқимонда ба онҳо расид…”
Сокинони деҳа азм доранд, ки пул ҷамъ карда, барои эшони Саидаъзам аз ҳисоби худ манзили нав бисозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ