Хабарнигори сомонаи «Oila.tj» гирифтори «пневмония» шудааст
Мирсаид Сатториён, хабарнигори сомонаи «Оила.тҷ» гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) шудааст. Ӯ 13-уми апрел бо як сафари хидматӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд қарор дошт.
Имрӯз пас аз ташхиси пизишкони беморхонаи «Истиқлол» журналистро бо аломатҳои илтиҳоби шуш «Пневмония» дар бинои 5А барои ду ҳафта бистарӣ карданд.
Зимни сӯҳбат Мирсаид Сатториён ба хабарнигори сомонаи Pressa.tj чунин гуфт: «Пас аз бозгашти сафари хидматии 3 рӯза аз вилояти Суғд, маро сардардӣ, беиштиҳоӣ, камқувватӣ, нафасгирии душвор, сӯзиш дар қисмати тахтапушт ва чаккаи сар фарогир шуд. Ман пештар ба монанди илтиҳоби шуш «Пневмония» гуфтани беморӣ надоштам.»
Мирсаид Сатториён яке аз камтарин донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории факултаи Журналистикаи Донишгоҳии миллии Тоҷикистон аст, ки матлабҳояш дар сомонаҳо ва маҷаллаҳо чоп мешаванд. То ба имрӯз дар чандин расонаву маҷаллаҳо аз қабили ҳафтаномаи «Тоҷикистон», «Ҷаҳони паём», моҳномаи «Инсон ва табиат», маҷаллаи «Ҳифзи табиат» ва сомонаи «Оила.тҷ» фаолият кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ