Хадамоти алоқа бо «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ширкати дигари русӣ-  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Мақсади асосии ёддошти ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — мусоидат намудан ба раванди навсозию ислоҳот дар соҳаи алоқаи барқӣ буда, ин ҳуҷҷат заминаи ҳамкории ширкатҳои алоқаи мобилии мамлакатро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» фароҳам месозад.

Дар доираи ин Ёддошти ҳамкорӣ  дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа, махсусан ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети баландсуръат амалӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *