Хадамоти зиддиинҳисорӣ: фоиз барои қабули пардохт ситонида намешавад

Саъдӣ Қодирзода, сардори Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз ҷумла хотиррасон намуд, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 апрели соли 2016 таҳти ти 207-7 бояд ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо фоиз барои  қабули пардохт  ситонида намешавад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар асоси арзу шикоятҳои воридгардида доир ба риоя нагардидани талаботи қарори мазкур аз ҷониби ҶДММ ТАҚҲ «Авфар», ҶДММ «Пардохт ТҶ» (Тоҷ Пей), ҶДММ «Леваканд тиҷорат»,   ҶДММ «ССП Пайванд» ва ҶДММ «Пардохти фаврӣ» маблағи 77288,80 сомонӣ ошкор намуда, онҳоро ҷарима бастааст.

— Лек мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло низ аксари субъектҳои хоҷагидор тавассути терминалҳо ҳангоми пардохти маблағи ҳаққи хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз истеъмолкунандагон ҳамчун ҳиссаи устувор ба андозаи 0,15 ва 0,20 сомонӣ меситонанд. Вобаста ба ин ҳолат ба мақомоти дахлдори давлатӣ маълумотномаҳо ҷиҳати чораҷӯйӣ ирсол карда шуд, — гуфт С. Қодирзода. – Аз истеъмолкунандагон хоҳиш менамоям, ки аз  ин гуна қонуншикании  терминалҳо ба Хадамот дарак диҳанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *