Хайриннисо Юсуфӣ ба қирғизҳо бо забони қирғизӣ муроҷиат кард

Дар таърихи чандинасраи ҳамсоядорӣ якҷоя бисёр санҷишҳоро гузаштем, аз якдигар омӯхтем. Ҳар кадоме мо дар кишварҳои ҳамсоя ҳамкорони хубу шиносҳо ва дӯстону наздикон дорем

Муовини раиси ҲХДТ дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони Қирғизистон хост, ки «дар рӯзҳои мушкил барои ҳарду кишвар» қувваҳоро барои барқарории субот дар марз муттаҳид кунанд.
Хайриннисо Юсуфӣ рӯзи 12-уми май дар муроҷиати видеоӣ бо забонҳои русӣ ва қирғизӣ гуфт, мардуми Тоҷикистону Қирғизистон «бояд дар сулҳу оромӣ ба сар баранд».

Ин муроҷиат пас аз тақрибан ду ҳафтаи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон садо дод. Дар ин ҳодиса аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

«Дар таърихи чандинасраи ҳамсоядорӣ якҷоя бисёр санҷишҳоро гузаштем, аз якдигар омӯхтем. Ҳар кадоме мо дар кишварҳои ҳамсоя ҳамкорони хубу шиносҳо ва дӯстону наздикон дорем. Моро хешутаборӣ, таърих ва дину фарҳанги ягона пайваст мекунад», — гуфтааст Хайриннисо Юсуфӣ дар муроҷиаташ дар Ютуб..
Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта, 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.
Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.
Ба иттилои расмӣ, ин шабу рӯз дар марзи ду кишвар оромӣ ҳукмфармост. Сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ду тараф ба маҳалли зисти худ баргашта, сохтмони хонаҳои вайроншуда низ шуруъ шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *