Хайруллоев ва Қаҳҳоров рафтанд, Ватанов котиб шуд

Президенти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 4-уми март чанд тан аз мақомҳои собиқадори ҳукуматро ба «нафақа» фиристод

Президенти   Тоҷикистон рӯзи душанбеи 4-уми март чанд тан аз мақомҳои собиқадори ҳукуматро ба «нафақа» фиристод. Бо фармонҳои президент, генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амният ва Шералӣ Хайруллоев, ёвари президент оид ба масъалаҳои амниятӣ миллӣ, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Чеҳраи дигари собиқадори ҳукумати Тоҷикистон Матлубхон Давлатзода, ки дар гузашта муовини сарвазир ва ахиран мудири котиботи президент буд, низ ба сабаби ба нафақа баромадан, аз мақомаш озод шудааст. Дафтари матбуоти президенти  Тоҷикистон рӯзи 4-уми март гуфт, ки президент Маҳмадалӣ Ватанзодаро ба ҷои Абдураҳим Қаҳҳоров котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин кард. Абдураҳим Қаҳҳоров дар моҳи январи соли 2012 котиби  Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд. Вале то ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои Шералӣ Хайруллоев кӣ ёрдамчии президенти  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амниятӣ миллӣ мешавад. Шералӣ Хайруллоев, яке аз шахсиятҳои собиқадор ва генералҳои артиши Тоҷикистон 18 сол вазири дифои Тоҷикистон буд ва дар  соли 2013 аз ин мақом барканор ва ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин шуда буд. Аммо Маҳмадалӣ Ватанзода, ки ба ҷои Абдураҳим Қаҳҳоров котиби Шӯрои амният таъйин шуд, то ин замон дар мақоми ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президенти Тоҷикистон дар парлумон, кор мекард. Ӯ қаблан ду дафъа вакили парлумон ва то он замон муовини аввали раиси Суди олии Тоҷикистон буд. Дар мақоми ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҷои Маҳмадалӣ Ватанзода ҳоло Зариф Ализода таъйин шудааст, ки то ин замон Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон буд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳуқуқшинос Умед Бобозода дар мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар ҷойгузини Зариф Ализода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *