Халифаи ДИИШ-ро заҳролуд кардаанд

Бино ба итилои расонаҳои Ироқ  раҳбари гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ,Абубакр Бағдодӣ заҳролуд шудааст.
Дар баробари Бағдодӣ се мақоми баланди ДИИШ ҳам ҳангоми тановули ғизо заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҳоло ҳамаи онҳо дар “ҷойи махфие зери назорати шадиди муҳофизон”қарор доранд. Расонаҳо навиштаанд, феълан ҷангиён талош доранд, то афродеро, ки қасди куштани раҳбари ДИИШ ва дигаронро доштаанд, пайдо созанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, дар маконе, ки Бағдодӣ заҳролуд шудааст, боздоштҳо шурӯъ шудаанд.
Дар гузашта низ чандин бор хабари захмӣ ва ҳатто марги Абубакр Бағдодӣ расонаӣ шуда буд. Моҳи октябри соли 2015 хабаргузориҳои эронӣ навиштанд, Бағдодӣ дар пайи бомбаборон шудани минтақаи Анбар аз сӯи неруҳои ҳавоии Ироқ захмӣ шудааст. Моҳи сентябри соли 2014 низ бархе расонаҳо гуфтанд, “халифа”-и ДИИШ дар пайи як ҳамла кушта шудааст, аммо баъдан Вазорати дифои Ироқ ин хабарро рад кард.

Моҳи декабри соли 2014 Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълон кард, барои нафаре, ки макони буду боши Абубакр Бағдодиро пайдо мекунад, 10 миллион доллар мукофот медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *