Хандаи шаб

Арӯси мӯйлабдор

Ҷавоне ба хостгорӣ рафта, мебинад, ки арӯсшавандааш каме мӯйлаб дорад. Аз духтар мепурсад:
-Як савол дорам. Чаро шумо мӯйлаб доред?
Духтар аз шарму алам гиря мекунад.
Ҷавон даступохӯрда шуда, мехоҳад духтарро дилбардорӣ кунад ва саросема шуда мегӯяд:
-Гиря накун, мард гиря намекунад.

Афсонаи шоҳ

Писарбачаи панҷсола афсонаи шоҳро шунида, мегӯяд:
-Оча, ман ҳам панҷ зан гирифтан мехоҳам. Якеаш хӯрок мепазад, дуюмаш суруд мехонад, сеюмаш маро оббозӣ медоронад…
Модар сухани писарашро бурида, илова мекунад:
-Чорумаш туро хоб мекунад.
Писарбача мегӯяд:
-Не, оча, ман ҳамеша бо ту хоб меравам.
Чашмони модар пур аз ашк гашта мегӯяд:
-Раҳмати Худованд, бар ту писарам, вале бо 5 зан кӣ хоб меравад?
Писарбача мегӯяд:
-Бигзор падарам бо онҳо хоб кунад.
Чашмони падар пур аз ашк шуда мегӯяд:
-Раҳмати Худованд бар ту бод, писарам.

Ҳасиб барои хушдоман

Аҳли оила сари дастурхон ҷамъ омаданд. Хушдоман ба домодаш мегӯяд:
-Домод, ба ман ҳасиб бурида диҳед.
Домод мепурсад:
-Чӣ қадар реза кунам, оча?
Хушдоман дар ҷавоб:
-Чӣ қадаре ки дилат мехоҳад.
Домод мегӯяд:
-Не-е, оча, ман ҳасибро ба он дараҷа борик реза карда наметавонам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *