Хандаи шаб

Садо аз боло

Муйсафеди пире назди духтур шикоят мекунад:

-Бачем, дар гӯшҳоям ҷиринг-ҷиринг садо мешунавам.

Духтур суол мекунад:

-Бобо шумо чандсола шудед?

Муйсафед мегӯяд:

-105 – сола.

Духтур дар ҷавоб мегӯяд:

-Бобо, ба шумо аз боло занг мезананд.

Тавсияи духтур

Ҷавони лоғаре ба назди духтур рафта мегӯяд:

-Духтурҷон, ман хар барин кор мекунам, хирс барин хоб меравам, аммо саг барин хароб ҳастам. Чӣ кор кунам, ки фарбеҳ шавам?

Духтур дар ҷавоб мегӯяд:

-Шумо бояд гов барин хӯрок хӯред.

Дандон надорам

Муйсафеде зани ҷавон гирифта, рӯзи аввал ба арӯсаш мегӯяд:

-Қаблан туро огоҳ кардан мехоҳам, ки саломатиям чандон хуб нест. Бемориҳои гайморит, простатит, геморрой, бронхит, касалии қанд ва дилкасал дорам.

Арӯс мегӯяд:

-Ягон чизе ҳаст, ки шумо надошта бошед?

Мӯйсафед:

-Бале, дандон надорам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *