Хандаи шаб
Ватан чист?
Омӯзгор аз талаба мепурсад:
-Канӣ, Аслонбек, гап зан, Ватан чист?
Аслонбек дар ҷавоб:
-Ватан ин дарёву кӯҳсор…
Омӯзгор:
-Не, Аслонбек, Ватан модари туст. Шин ба ҷоят, баҳоят ду! Баҳром аз ҷоят хез. Ватан чист?
Баҳром дар ҷавоб:
-Ватан модари Аслонбек аст, муаллима!
Падари кӣ зӯртар?
Кӯдакон баҳс мекунанд. Кӯдаки якум мегӯяд:
-Дадаи ман айфони навбаромад дорад!
Кӯдаки дуюм:
-Дадаи ман Лексуси навбаромад дорад!
Кӯдаки сеюм:
-Дадаи ман дар таҳхонаамон калламуши кало-о-он дорад.
Ҳамаи кӯдакон бо як овоз:
-Рост мегӯӣ?! Канӣ нишон деҳ!
Мушкили оилавӣ
Марде хонааш омада, ба занаш мегӯяд:
-Ман дар ҷои кор мушкилоти ҷиддӣ дорам.
Занаш бо садои маҳин ҷавоб медиҳад:
-Зиқ нашавед, мардакҷон ва ҳеҷ гоҳ нагӯед, ки «ман мушкилӣ дорам», минбаъд «мо мушкилӣ дорем» гӯед!
Мард дар ҷавоб:
-Хуб шудааст, ин тавр бошад, котибаи мо ҳомиладор шудааст, занак!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ