хандаи шаб
Аҳмақ кист?
Зану шавҳар дар паси миз нишастанд. Мард бо ғазаб мегўяд:
-Дар ҷаҳон аз ту аҳмақтар занро надидаам,- инро гуфта қошуқро сахт ба миз мезанад.
Зан овози кўфтанро шунида, гумон мекунад, ки касе дари хонаро мекўбад. Аз ин рў, овоз медиҳад:
-Кист?
Мард мегўяд:
-Дар ҷоят шин, аҳмақ, дарро худам мекушоям.
Меҳри домод
Зан ба шавҳараш мегўяд:
-Одаму одамгариро фаромўш кардед, вақтҳои охир. Хушдоманатон аз ҳамин қадар роҳи дур меҳмон шуда омаданду шумо бошед, ақаллан ягон ҷо тамошо ҳам набурдед он касро.
-Занак, -мегўяд шавҳар дар ҷавоб, -ин кори бефоида. Ба куҷое набарам, роҳро медонад, боз гашта ба хона меояд.
Гуноҳи писар
Падар писари донишҷӯяшро насиҳат мекунад:
Писар гапи падарро бурида:
-Медонед, дада…
Падар ба ғазаб омада:
-Даматро гир! Ин ҷо кӣ падар аст? Ту ё ман?
Писар дар ҷавоб гунаҳкорона:
-Ҳардуямон дада, ҳардуямон…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ