Хандаи шаб

Нархи имтиҳон
Падар аз писар мепурсад:
-Бачем, имтиҳонҳо чӣ хел?
Писар дар ҷавоб:
-Имтиҳон қимат шудагӣ, дадо!

Таваллои донишҷӯ
Донишҷӯ ба тарабхонаи қиматтарин меравад. Мебинад, ки тарабхона пур аз одам, назди пешхизмат мераваду ба ӯ 20 сомонӣ медиҳад. Пешхизмат ҳайрон шуда, мепурсад:
-Мебахшеду ин пул барои чист?
Донишҷӯ дар ҷавоб:
-Ман баъди ним соат бо арӯсшавандаам ба ин ҷо меоям, илтимос, ҳамин пулро гиреду вақте мо омадем, гӯед, ки ҷои нишаст надорем. Вагарна бо ин нарху навои тарабхонаи шумо муфлис мешавам.

Вагарна бо ин нарху навои тарабхонаи шумо муфлис мешавам.

Тавсияи духтур
Духтур ба бемор мегӯяд:
-Фишори хунатон 180 ба 100 аст, бояд фавран аз қаҳваю коняк худдорӣ намоед!
Бемор дар ҷавоб:
-Фаҳмидам, духтур, танҳо чой ва арақ…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *