Хандаи шаб

Дар ҷустуҷӯи шавҳар
Зане ба балкони хонааш баромада бо тамоми овоз ҳамсояро садо мекунад:
-Лола, шавҳари маро надидӣ?
Ҳамсоя аз ошёнаи сеюм ҷавоб медиҳад:
-Не, надидам.
Зан боз садо мекунад:
-Камила, шавҳарам дар хонаи туст?
Садо аз ошёнаи дуюм:
-Не, нест.
Зан бори дигар садо баланд мекунад:
-Мавзуна, дадаи Шамшодро надидӣ?
Садо аз ошёнаи дуюм:
-Не, надидам.
Зан худ ба худ ғур-ғуркунон мегӯяд:
-Аҷиб, як бино пури фоҳишаву ин аблаҳ ба куҷо рафта бошад!

Дарди дили зан

Ду зани миёнасол бо ҳам вомехӯранд. Зани аввала мепурсад:
-Зиндагии духтарат чӣ хел?
Зани дуюм:
-Зиндагияш сад фоиз, дугонаҷон. Шавҳараш ғамхору меҳрубон, ҳар рӯз куртаҳои рангоранг мехарад, ба тамошо мебарад.
Зани якум:
-Зиндагии писарат чӣ?
Зани дуюм дар ҷавоб:
-Э напурс, дугона, ба бахташ як зани албастӣ афтид, ҳар рӯз куртаи рангобаранг мехоҳаду дилаш доим сайру тамошо мехоҳад.

Дарунрав

Омӯзгор ҳангоми дарс ба кӯдакон савол медиҳад:
-Дар дунё аз ҳама чизи босуръат чист?
Муҳайё дар ҷавоб:
-Барқ! Ҳамин ки тугмачаро пахш кардӣ, он дарҳол фурӯзон мешавад!
Сокина бошад мегӯяд:
-Аз ҳама босуръат садо аст, ҳамин ки аз гулу берун шуд, ҳама мешунаванд.
Саид аз ҷояш хеста мегӯяд:
-Дарунрав, муаллим. Дируз ишкамам дард кард, на барқро фурӯзон карда тавонистаму на сухане ба забон оварда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *