Хандаи шаб
Савдо
Марде аз бозор картошкаро бо нархи 1.5 сомонӣ харида, дар назди хонааш 60 дирамӣ мефурӯшад. Назди дарвозааш ҳамеша одами зиёд ҷамъ мешаванд. Савдогарони дигар омада, аз ӯ мепурсанд:
-Акои Собир, чаро картошкаро қимат харида, арзон мефурӯшед?
Собир дар ҷавоб мегӯяд:
-Қимативу арзониашро намедонам, вале ҳамин анбуҳи одамонро дар назди ҳавлиям дида, кайф мекунам.
Имтиҳон
Падар аз писар мепурсад:
-Имтиҳонҳоятро чӣ гуна супоридӣ?
Писар:
-Беҳтарин! Профессорон ба ваҷд омада, хоҳиш намуданд, ки дар фасли тирамоҳ як бори дигар такрор кунам.
Меҳмон
Модар аз духтарчаи хурдсолаш мепурсад:
-Духтарҷон, меҳмонҳо рафта истодаанд, чӣ гуфтан лозим аст?
Духтарча мегӯяд:
-Худоба шукр!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ