Хандаи шаб
Ғорати пиразан
Пиразане ба пулис занг мезанад:
-Алло, пулис! Ёрӣ диҳед, маро ғорат мекунанд.
Пулис дар ҷавоб:
-Шумо дар куҷо қарор доред?
Пиразан:
-Ман дар хона. Квитансияҳои нави пули хизматрасониҳои коммуналиро мебинам.
Мебели гӯё
Марде ба назди равоншинос омада мегӯяд:
-Духтур, дар хонаи ман мебел гап мезанад.
Духтур:
-Аҷиб. Чӣ хел гап мезадааст?
Мард:
-Ману занам дар ҷойгаҳ хоб будем, ҷевон бо садои одамӣ гуфт:-«Ба фикрам, хобаш бурд».
Занам ба ҷевон гуфт:- «Бале, хоб рафт».
Ҷевон:- «Ин тавр бошад, ман меравам».
Ман гуфтам: -«Ту ба куҷо меравӣ? Ман ҳоло пули кредити туро пардохт накардаам!»
Зан-ронанда
Зану шавҳар дар мошин мераванд. Баногаҳ зан дод мезанад:
-Фаррух, тормозро зер кун. Фаррух тормозро зер кун!!!!!!
Мошин ба симчӯб бармехӯрад, зан мегӯяд:
-Ман гуфтам — ку, тормозро зер кун!
Шавҳар мегӯяд:
-Ту девонаӣ магар, охир худат мошинро мерондӣ — ку!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ