Хандаи шаб

Баҳри мурда

Писарак аз модараш мепурсад:
-Уқёнуси ором ҳамеша ором аст?
Модар ба ғазаб омада мегӯяд:
-Ягон суоли боақлона дода наметавонӣ?
Писарча ин дафъа мепурсад:
-Метавонам. Баҳри мурда барои чӣ мурдааст?

Тифли зирак

Зане ба меҳмонони хонааш мегӯяд:
-Марҳамат, хӯрдан гиред, шарм надоред…
Ин замон духтарчаи хурдсоли зан гапи модарашро бурида мегӯяд:
-Оча, шумо нодуруст мегӯед. Мисли мураббияи мо ин тавр гӯед:
-Нозу нузатонро дар хонаи худатон мекунед. Тез-тез авқот хӯред.

Барномаи ҷолиб

Зану шавҳар ҷанг карда, якдигарро хуб дашном медиҳанд. Баногаҳ занги дар садо медиҳад, аз паси дар писарчаи ҳамсоя мегӯяд:
-Хола, дадаму бобом мепурсанд, ки чунин барномаи аҷибро аз кадом шабакаи телевизион намош дода истодаанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *