«Хандарез» шахсони имкониятҳояшон маҳдудро хандонд
Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар остонаи Соли нав маҳфили “Хандарез” баргузор гардид.
Бино ба иттилои Китобхонаи миллӣ, “тавре аз номаш ҳам пайдост, меҳмони ҳамешагии ин маҳфил ҳаҷвнигоронанд. Ҳадаф лаҳзаҳои хушӣ эҳдо намудан ба касонест, ки имкониятҳои маҳдуд доранд. Зеро хандаву хурсандӣ касро болидаруҳ мекунад”.
Гуфта мешавад, ки дар маҳфил узви шуъба Раҳматуллоҳи Раҳим суханронӣ карда, барои ҳамаи аъзои шуъба ва иштирокчиён дар арафаи Соли нав сиҳативу зиндагии осоишта ва дар соли нав хушиҳои зиндагиро таманно намудааст.
— Дар ин чорабинӣ ҳунарнамоии ҳаҷвнигорон бо роҳбарии Зафари Зарифӣ хотири ҳозиринро бо ҳаҷвҳои намакини хеш шод намуд. Инчунин, аз тарафи сарпарастон ба ҳамаи аъзои шуъба туҳфаҳои солинавӣ такдим гардид,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ