Харҳои афғонӣ дар бозори Чин, сирри он дар чист?

Афзоиши нархи хар дар бозорҳои Афғонистон аз робитаи тиҷории пинҳонӣ бо Чинро ошкор кардааст.

Пулиси Афғонистон чанде қабл як мошини борбарро дар вилояти Кундуз кашф ва мусодира кардааст, ки дар он садҳо адад пӯсти хар ҷой дошт. Дар вилояти Бағлон рӯзона харҳоро чандин мошин барои хариду фурӯш ба бозорҳои вилоятҳои ҳамҷавор интиқол медиҳанд. Бештари харидорон ба дунболи харҳое ҳастанд, ки аз кор афтодаанд ва метавонанд онҳоро бо нархҳои арзонтар харидорӣ намоянд.Як сокини Бағлон гуфтааст, ки “харидорон харҳои мурдаро мехаранд, вале маълум нест онҳоро куҷо мебаранд. Бо 1700-1800 афғонӣ (тахминан 20 доллари амрикоӣ) онҳоро мехаранд ва дар мошинҳо бор карда мебаранд. Пӯсташро мехаранд, вале маълум нест ба куҷо меравад, ба хориҷ ва ё ҷои дигар.»Бархе аз фурӯшандаҳои дигар аз хариду фурӯши харҳои кушташуда хабар додаанд. Як фурӯшанда мегӯяд, ки бархе афрод харҳои мурдаро харидорӣ намуда ва ба тарафи Самангон мебаранд. Ӯ мегӯяд, ки ин харҳо ба қимати мухталиф, аз 1300 афғонӣ сар карда то 15 ҳазор афғонӣ қимат доранд. Аксари фурӯшандаҳо намедонанд, ки мақсади ниҳоии харҳои харидашуда куҷост. Як сокини ин минтақа мегӯяд, «харҳое, ки роҳ гашта наметавонанд, онҳоро мошин-мошин мебаранд, аммо маълум нест, ки ба куҷо?»Аммо чанде пеш рӯзномаи бритониёии Guardian аз бозори талабот барои хар дар Чин парда бардошт. Чиниҳо аз солҳо ба ин тараф харҳои дунёро мехаранд. Паз аз он, ки бархе аз кишварҳои африқоӣ фурӯши харро ба таври қонунӣ манъ карданд, чиниҳо барои хариди харҳо ба бозорҳои нав дар Осиёи Миёна рӯй оварданд. Масалан, афзоиши ҳузури чиниҳо дар Тоҷикистон ва тақозо барои гӯшти хар, боиси афзоиши қимати ин ҳайвон дар ин кишвар шуд ва миёни сокинон нигарониҳоеро ба миён овард.Аммо ғайр аз он, ки гӯшти хар дар миёни чиниҳо талабгорони зиёд дорад, ба навиштаи рӯзномаи Guardian, пӯсти ин ҳайвон низ дар тибби суннатии чинӣ хосияти табобатӣ доштааст. Тавре, ки ин рӯзнома менависад, чиниҳо аз маҳлули ҷӯшидаи пӯсти ин ҳайвон моддаи часпноке ба даст меоваранд, ки аз он барои бемории бехобӣ, сулфа ва хунсозӣ истифода мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *