Харбуза мехоҳед, ба “Меҳргон”равед!

 Имрӯз,  4 сентябри соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Иди харбуза доир мегардад.

Аз Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки аз моҳи август инҷониб ҳамчун анъана дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза доир мегардад.

«Соли равон Иди харбуза дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар ин рӯз тамоми навъҳои беҳтарини харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад, ки меҳмонону сокинон метавонанд онҳоро бо нархҳои дастрас харид намоянд»,-гуфт манбаъ.

Ҳамчунин барои бошукӯҳ гузаштани ин намоишҳо озмун эълон гаштааст. Дар озмун беҳтарин истеҳсолкунандагон иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешниҳод менамоянд. Ғолибони озмун ва беҳтарин барзгарони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *