Хариди либосҳои мактабӣ ғайринақдӣ, забономӯзӣ дар кӯдакистонҳо ҳатмӣ шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бо гузаштан ба низоми ғайринақдӣ харидани либосҳои мактабӣ низ ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
“Ягон кас, махсусан хонанда ё омӯзгор ҳуқуқи дахолат ба ҷамъ намудани маблағ барои либоси мактабиро надорад. Яъне, падару модар, кумитаи падару модарон ва дигарон барои ин масъул шудаанд”,-гуфт вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода.
Инчунин, вазири маориф иброз намуд, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд, ки ҳар сол либоси ягонаро барои хонандагон иваз намоянд. Зеро дар кишвар оилаҳое ҳастанд, ки серфарзанданд ва ҳар сол имкони харидорӣ намудани либоси нав барои фарзандонро надоранд.
Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки омӯзиши забони русию англисӣ дар кӯдакистонҳо ҳатмӣ шуд.
“Минбаъд хештаншиносӣ, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ дар гуруҳҳои ғайритоҷикии муассисаҳои томактабӣ ба таври ҳатмӣ ҳафтае ду маротиба гузаронда мешаванд”,-таъкид намуд вазир.
Дар кӯдакистонҳо воҳидҳои кории алоҳидаи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ ворид карда шуда, минбаъд кӯдакон дар баробари бозиҳои гуногун ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул мешаванд.
Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ