Харитаи дуруст дар дафтари кории президенти Қирғизистон
Шакли харитае дар қароргоҳи президенти Қирғизистон, ки дар он Ворух бо Тоҷикистон пайванд тасвир шудааст, сабаби моҷаро дар расонаҳои Қирғизистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.
Дафтари матбуотии президенти Қирғизистон гуфтааст,ки «иштибоҳ ислоҳ карда ва гунаҳкор ҷазо дода мешавад». Аммо корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар девори президент «харитаи рост ва дуруст овехта шудааст».
Рӯзи 20-уми ноябр ба муносибати “Рӯзи кормандони прокуратура” Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо кормандони прокуратура ҷоиза супурд. Дар наворе, ки аз ин маросим нашр шуд, дар пушти Содир Ҷабборов харитае дида мешуд, ки дар он Ворух бо қаламрави Тоҷикистон пайваст аст.
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон даъво дорад, ҷамоати Ворухи Исфара ҷазирае дар дохили ҳудуди Қирғизистон аст ва роҳи пайванди он ба Тоҷикистон аз они Қирғизистон мебошад. Тоҷикистон мегуяд,ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва ин ҳолат бо ишғол шудани заминҳои байни Ворух ва Исфара аз тарафи қирғизҳо ба миён омадааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчун далел ба харитаҳои пешина такия мекунанд ва корбарон дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, яке аз чунин нақшаҳои пешина ва дуруст дар девори қароргоҳи президенти Қирғизистон овехта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ