Харобӣ нишонаи зебоӣ нест
Парлумони Фаронса дар кишвараш ба зебосанамҳои аз ҳад зиёд хароб ба ҳайси актриса ва модел кор карданро манъ намуд. Сабаби ба чунин қарор омадани депутатҳои маҷлиси миллии ин кишвар мубориза алайҳи бемории анорексия (харобӣ бар асари хӯрок нахӯрдан) будааст. Қарори мазкурро вазири тандурустӣ Марисол Турен ҷонибдорӣ намуда, аз саломатии актрисаву моделҳои аз ҳад зиёд лоғар изҳори нигаронӣ намудааст. Мувофиқи қонунгузории нав минбаъд бонувони аз 18- сола болои вазнашон на кам аз 55 кг ва дарозии қадашон 175 сантиметр бударо ба ҳайси модел ва актриса ба кор қабул мекунанд. Дар сурати риоя накардани қонун гунаҳкоронро то 75 ҳазор евро ҷарима хоҳанд баст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ