Харобазоре дар ҷойи Боғи Дӯстӣ

Бо сабаби бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии масъулон солҳост, ки сокинони маркази ноҳияи Дӯстӣ аз боғи фарҳангию фароғатӣ маҳруманд.

Бо сабаби бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии масъулон солҳост, ки сокинони маркази ноҳияи Дӯстӣ аз боғи фарҳангию фароғатӣ маҳруманд. 

Атрофи бинои бахши  фарҳанг, ки зоҳиран чун боғи истироҳатӣ муаррифӣ мешавад, имконияти зарурӣ барои тафреҳ надорад. Дар ин макон нишастгоҳ, роҳрав ё гулгаште, ки табъи касро болида кунад ба чашм намерасад ва он бештар ба як харобазор монанад аст.

Ҳарчанд ташкилоту идораҳо барои ободсозии гӯшаҳои алоҳидаи боғ вобаста шудаанд, аммо амалан барои ободии он коре анҷом надодаанд. Имрӯз фароғатгоҳи мазкур ба макони гаштугузори ҳайвоноти дайду ва устухонпораҳо табдил ёфтааст.

 Хушвақт Шарофов, корманди бахши фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ гуфт: “Масоҳати боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳия  2,8 гектарро ташкил медиҳад. Дар боғ зиёда аз 550 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст. Се нафар кормандони боғ ҳамарӯза ба тозагии гирду атрофи он машғуланд. Асосан қитъаи боғ ба кормандони ташкилоту муассисаҳо вобаста шудааст ва онҳо пайваста ба нигоҳубини боғ машғуланд. Норасоии асосӣ дар боғи марказӣ асосан аз норасоии воҳидҳои корӣ, набудани бинои маъмурӣ, набудани таҷҳизоти замонавӣ барои истироҳату фароғати кӯдакон, аз қабили арғунчакҳо, чархофалак ва ғайра аст”.

 Як мушкили дигари ин боғ ба роҳи рафтуомади сокинон табдил ёфтани он аст. Онҳо ҳар лаҳза, ки хоҳанд аз ин мавзеъ убур мекунанд.

 Масъулон дар ноҳияи Дӯстӣ қавл додаанд, ки боғи фарҳангию фароғатӣ дар доираи ободкориҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон бунёд мегардад ва дар он таҷҳизоти зарурӣ барои истироҳати хурду бузург васлу насб мешавад.

Суоли матраҳ ин ки чаро бояд сокинон се соли дигар интизор шаванд, то шаҳраки онҳо соҳиби макони фароғатӣ шавад. Зимнан бояд гуфт, ки дар ҳар боғи фарҳангӣ ва ҷойҳои серодам радио-узелҳо гузошта шудааст, то сокинонро бо ахбор таъмин намояд. Масъулин сабаби набудани радио-узелро ба таъмири биное рабт доданд, ки дар он радио гузоштаанд. Дар маҷмуъ, вазъи фарҳангу фароғат дар ноҳияи Дӯстӣ беҳбудӣ металабад.

Ҷомӣ Халифаев,

вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
نازیه و محمدرفی کرامت‌الله برنامه کنسرتی برگزار می‌کنند!
-->

Ба боло