Хатҳои кафи даст,кӣ буданатро нишон медиҳад

Дар бадани хатҳо пайҳо ва изҳое мавҷуданд, ки ҳар яки он маънову моҳияти худро доранд, аммо мо ба будани онҳо аҳамият намедиҳем. Тибқи илми хиромантия хатҳое, ки  дар кафи дастон, ангуштон ҷойгир шудааст, ифодакунандаи хислати одамон мебошад. Ин навбат хостем дар барои хатҳои кафи даст маълумот диҳем.

Аз рӯйи расм кафи дастони худатонро муқоиса намуда, муайян созед, ки шумо чӣ гуна хислат доред.   

Варианти А

Агар хате, ки онро “хати дил”  мегӯянд, аз миёни ангушти сеюм оғоз шавад, донед, ки шумо барои сарвар шудан зода шудаед. Шумо аз ҳад зиёд мағрур буда, бо сари худ зиндагӣ карданро интихоб кардаед. Дар баробари ин шахси оқилу доно ҳастед. Шумо барои баҳогузорӣ ва хулосаи дақиқ баровардан имкон доред. Аз тарафи дигар муносибататон бо нафарони дигар бештар сард аст ва онҳоро бештари вақт дарк карда наметавонед. Аз ин лиҳоз, шуморо “одами дилсард“ меноманд.

Варианти Б

Агар хати дил аз миёни ангушти дуюм ва сеюм оғоз шавад, маълум мегардад, ки шумо шахсе ҳастед, ки ҷангу ҷанҷолро дӯст намедоред ва раҳмдилу накукор ҳастед. Баъзе инсонҳо шуморо шахси шубҳанок баҳо медиҳанд, вале баъзе дигар бошад, ҳамчун шахси беҷуръат  мешиносанд. Лекин ба шумо бовар кардану такя намудан мумкин аст. Аз шумо маслиҳат мепурсанд. Хулосаи корҳоятон ба он равона шудааст, ки ҳамеша ба манфиат ва солимии дигарон мебошад.

Варианти  С

Хати диле, ки дар кафи дастатон ҷойгир шудааст, агар аз миёни ангушти дуюм оғоз шавад, маълум аст, ки шумо шахси идеалӣ, сипаҳсолор ва  мутахассиси соҳаи худ ҳастед. Шумо муҳокима карданро дӯст медоред. Идеяҳои зиёд ва нақшаҳои бузургро роҳандозӣ мекунед. Бештари одамон шуморо шахси зиндадил баҳо медиҳанд. Лекин шумо худатонро ба таври худ мулоҳизакор ном мебаред.

Вариант Д

Агар хати дилатон аз миёни ангушти якум ва дуюм оғоз шавад, маълум аст, ки шумо шахси босабру таҳаммул ғамхору меҳрубон ҳастед. Дар зиндагӣ кӯшиш мекунед, ки бо атрофиён муносибати нек дошта бошед.

Маҳинаи Давлат

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *