Хатари одамоне, ки шароб наменӯшанд (ҳаҷвия)

Кайҳо исбот шудааст, ки одамоне, ки шароб наменӯшанд, барои ҷомеа хеле хатарноканд. Вале ба хотири риояи тартиботи ҷамъиятӣ ин факт махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Якум зарари одамони ҳушёр ба системаи нигоҳдории тандурустӣ мерасад. Онҳое, ки наменӯшанд, хеле кам касал мешаванд ва барои шабакаҳои доруфурӯшӣ ва тамоми системаи нигоҳдории тандурустӣ ҷолиб нестанд. Дору намехаранд ё кам мехаранд, ки ин зарба ба бизнеси дорухона ва доруфурӯшон аст. Касал намешаванд ё кам касал мешаванд, ки аз ин бемористон ва духтурон хеле зарар мебинанд.

Дуюм зарари одамони машғули тарзи ҳаёти солим, албатта, ба соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ мерасад. Чӣ қадар шишаҳои ранги ба ранг дар мағозаҳо интизор, вале ин одамон ба онҳо нимнигоҳе накарда, мегузаранду мераванд. Дар тарабхонаҳо чӣ?! Пешхидматҳои олуфтаву мӯрчамиён интизоранд, ки кай мизоҷ маст мешаваду пул меситонанд. Вале мизоҷ чой ё шарбат мефармояду пешхидмат дар замири дил ба ӯ нафрат пайдо менамояд.

Барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ низ одами ҳушёр хеле хатарнок аст. Гап сари он, ки ӯ умри дароз мебинад ва соҳаи ҳифзи иљтимоӣ маҷбур аст то охири умр ба ӯ нафақа диҳад.

Гап байни худамон, барои оила ҳам зарарноканд онҳо — одамоне, ки наменўшанд. Фарзандон, нангу номус карда, маҷбуранд, ки онҳоро ба Ҳаҷ фиристанд. Ба ҳаҷ ҳам нафиристанд, маҷбур мешаванд, ки шикояту зуқ-зуқи одамони пиру нозуктабъро гӯш кунанд. Ҳол он ки, худи онҳо корҳои муҳими худро доранд!

Ин мухтасар, хеле мухтасар аст дар бораи зарари шароб нанӯшидан. Давомашро худатон андеша намоед…

Нозир ЁДГОРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *