Хатари терроризм ва экстремизм
Яке аз мушкилиҳое, ки тайи солҳои охир ҷаҳони муосирро фаро гирифта, ба хатари глобалӣ табдил ёфтааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад.
Терроризм — яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, суст намудани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт ё расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё намояндаи ҳокимият вобаста бо фаъолияти давлатӣ, бо мақсади ноором сохтани вазъият ва монеъ шудан ба фаъолияти сиёсию ҷамъиятӣ мебошад.
Экстремизм — ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меорад, мақсадаш бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, ҳал намудани масъалаҳои сиёсию ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро ва созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Барои амалӣ намудани мақсаду амалҳои нопокашон ҳамасола тахминан аз 5 то 20 миллиард доллар маблағ сарф менамоянд.
Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мақсадашон сохти ҷамъиятию сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир додан аст.
Бинобар ин, терроризм ва экстремизм оқибатҳои ногувор дошта, натанҳо амният ва истиқлол, балки оромии тамоми кишварҳои дунёро зери хатар мегузоранд.
Ҷавононе, ки таҳти таъсири таблиғотии созмонҳои террористию экстремистӣ қарор гирифта, ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва ба Ватану миллати хеш хиёнат мекунанд — ин бо сабаби сустиродагӣ, ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани арзишҳои инсондӯстиву ватандӯстии онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсади шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои террористию экстремистиро дарк намоянд.
Қувваи бузурге, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм қарор дорад, ин ватандӯстӣ ва инсондӯстии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Нарзуллозода Шарафҷон Нусратулло,
судяи Суди шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ