Хатарро бартараф карду мушкилро осон

Ҷаҳонгири Абдулвоҳид, омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои соҳаи энергетика чандин таҷҳизот сохтааст. Феълан яке аз таҷҳизоти сохтааш дар шабакаҳои барқи Ҷануби кишварамон истифода мешавад ва бехатарии барқчиёнро ҳангоми васли хатҳои баландшиддати барқ дар баландиҳо таъмин менамояд.

5 ихтирои дигари Ҷаҳонгир ҳамагӣ барои соҳаи энергетика пешбинӣ шудаанд. Ин омӯзгор 27 сол дошта, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст.

Тоҷикистон дорои захоири зиёди гидроэнергетика буда, ба мутахассисони соҳа ниёз дорад. Рисолати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ин аст, ки ниёзҳои соҳаро бароварда намояд.

Ҷаҳонгири Абдулвоҳид яке аз хатмкардагони донишгоҳи мазкур аст. 

“Гоҳо медидам, ки кормандони соҳаи барқ дар баландӣ хатҳои барқро бо мушкилӣ пайваст мекарданд. Ҳато ҷонашон дар хатар ҳам буд.  Кормандро танҳо як ресмон медошт. Ҳоло бошад, сохторе, ки ман эҷод кардам, барқчӣ дар он нишаста, амну бехатар корашро анҷом медиҳад. Таҷҳизоти ман комилан нав буда, дорои патент (шаҳодатнома) гардидааст”,- мегӯяд Ҷаҳонгир.

Ба иттилои Ҷаҳонгир, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҷҳизоти сохтаи ӯро қобили қабул дониста, барои истеҳсол ва хариду фурӯши он сармоягузорӣ хоҳад кард.

“Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе озмуни навоварони то 30-сола баргузор гардид, ки дар он иштирок ва соҳиби медали ифтихории Муассисаи маркази миллии патенти ҷумҳурӣ гаштам. Ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти нерӯи барқ ду идея пешниҳод кардем, ки яке аз он соҳиби патент гардид. Инчунин чанд идеяи нав дорем, ки дар пайи амалисозии он ҳастем.”,- иттилоъ дод Ҷаҳонгири Абдулвоҳид.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон маркази инноватсия ва рушди истеъдодҳоро таъсис дода, дар он шароити корию илмомӯзӣ фароҳам овардааст то ҷавонони болаёқат дар тон ҷо ба кору эҷод машғул бишаванд.

Обидҷон Қувватзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва робита бо хориҷи  мегӯяд, шумори донишҷӯёни ихтироъкору навовар кам нестанд. Инчунин шогирдон бо роҳнамоии устодон барои сохтани муҳаррикҳои барқӣ, генератрҳо ва гидротурбинаҳои обӣ низ кушиш карда истодаанд.

Ба иттилои Обидҷон Қувватзода, чанде аз донишҷӯёни донишкада барои такмили ихтисос ва ҳимояи рисолаи номзадӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд ва умед аст, ки сафи ихтироъкорону навоварони Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон меафзояд.

Амонҷон Муҳиддинов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *