Хатлон: Қарзи андоз беш аз 6 000 000 кам карда шуд

 Дар чор моҳи соли равон дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз беш аз 6 миллион сомонӣ кам карда шудааст. Шаш миллион кам кардани қарз дар чанд соли охир камсобиқа гуфта мешавад.

Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки бақияи қарзи андоз ба январи соли 2024-ум 166 миллиону 210 ҳазор сомонӣ буд. Ба иттилои расида, бо гузашти чор моҳ аз ин қарз 6 миллиону 138 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

«Бо татбиқ кардани чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз, бештар кардани суҳбату вохӯрӣ миёни андозсупорандагон ва масъулиятшиносии мутахассисон бақияи қарзи андоз кам карда шудааст. Кам кардани қарз назар ба соли гузашта се баробар зиёд аст. Давоми соли 2023 қарз беш аз 2 миллион сомонӣ кам шуда буду халос. Ин рақам дар чор моҳи имсол аллакай ба беш аз 6 миллион сомонӣ расонида шуд»,-иттилоъ дод манбаъ.

Феълан бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон каму беш 160 миллион сомонӣ мондаасту бас. Мувофиқи нақша то охири сол бақияи қарзи андоз ба таври назаррас кам хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *