Хатлон: Қурбонзода сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш таъин шуд. Ӯ кист?

Қурбонзода Қурбоналӣ ҳанӯз 16-уми феврали соли равон бо судури як фармон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Абдуллозода Фаризаро иваз кард, ки чанде пеш муовини раиси ноҳияи Данғара таъин гардид.

Дар муаррифии Қурбонзода Қурбоналӣ — сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Қурбонзода Қурбоналӣ соли 1978 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 2000-ум Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва соли 2010 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ дар муассисаи таълимӣ оғоз намудааст. Аз соли 2001 фаъолияти кориро дар мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар оғоз мекунад. Як замон мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар буд. Ҳамчунин, чанд муддат ҳамчун роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода фаъолият кардааст. Қабл аз таъин шудан ба вазифаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён буд.

Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *