Хатлон: Ҳам дар кишоварзӣ, ҳам дар саноат дастовардҳо беназиранд

Вилояти Хатлон сол ба сол дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои бештар ба даст оварда, баҳри рушди кишвар саҳми арзанда мегузорад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят барои нимаи якуми соли 2022 таъкид намуд, ки нимаи аввали соли равон аҳли заҳмати Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самарабахши замин, рушди соҳаи саноат, бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ тадбирҳои судманд андешиданд.

Рушди кишоварзӣ

Бояд гуфт, ки ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои президентӣ, наздиҳавлигӣ, инчунин заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва назди идораю ташкилотҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо 33 гуруҳи корӣ сафарбар гардида, оид ба васеъ намудани масоҳати кишти зироатҳои такрорӣ, махсусан бештар кишт намудани ғалладонагию лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот ва полезиҳо, инчунин захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Бино ба иттилои муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода, дар нимаи якуми сол ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 7 миллиарду 753 миллиону 513,1 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 420,5 миллион сомонӣ (5,7%)-ро ташкил менамояд.

Инчунин, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 513323 тонна ғалладонагӣ, 174024 тонна картошка, 809447 тонна сабзавот, 267857 тонна полезиҳо, 63956 тонна меваҷот ва 2271 тонна ангур истеҳсол гардида, ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ба 6 миллиарду 53 миллиону 728,6 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 26711 тонна ғалладонагӣ, 5522 тонна картошка, 23270 тонна сабзавот, 18604 тонна полезиҳо, 5879 тонна меваҷот ва 242 тонна ангур зиёд мебошад.

А. Салимзода меафзояд, ки ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434596 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудаву 105,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4085 гектар зиёд аст. Дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, дар майдони 350603 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Майдони 98860 гектар ғалладонагиҳо дарав ва 96150 гектари он кӯфта шуда, аз он 366435 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 38,1-сентнериро ташкил дода, иҷрои дурнамо 109,1 фоиз таъмин гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, ба 1-уми июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят 39568 тонна гӯшт, 152820 тонна шир, 46 миллиону 327,8 ҳазор дона тухм, 3123,3 тонна пашм, 177,8 тонна пилла, 295,8 тонна асал ва 775,9 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, тибқи иттилои А. Салимзода, кишоварзони вилоят имсол дар майдони 121733 гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 497 гектар зиёд мебошад.

— Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз як замин гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба ҳолати 5-уми июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят аз масоҳати 93,3 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда дар майдони 52,87 гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 2218 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1287 тонна помидор, 333 тонна бодиринг ва 598 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол ва ба миқдори 291,7 ҳазор донна кӯчати сабзавотҳо омода карда шуд,- меафзояд муовини якуми раиси вилоят А. Салимзода.

Инчунин, дар майдони 770 гектар, аз он ҷумла 290,8 гектар помидор, 264 бодиринг ва 215,1 гектар дигар сабзавот дар гармхонаҳои мавсимӣ кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 26303 тонна сабзавот, аз он 9513 тонна помидор, 8947 тонна бодиринг ва 7843 тонна дигар сабзавот истеҳсол гардидааст.

Соли ҷорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 1191,1 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 1178 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 6 баробар таъмин гардидааст. Инчунин, дар ин давра 336 гектар боғҳо ва 106,6 гектар токзорҳо барқарор ва 126 ҳазор дона ниҳоли тут шинонида шудааст.

Дар асоси маълумоти оморӣ, то 4-уми июли соли ҷорӣ аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 12407,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 8588,5 тонна тавассути нақлиёт, ҳавопаймо, 3819,2 тонна тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, асосан Федератсияи Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорусия содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 592,3 тонна зиёдтар мебошад. Маҳсулоти содиротгардида асосан 6045,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 3964,9 тонна пиёз, 294,0 тонна полезиҳо, 5184,9 тонна мевагиҳо, лимон, 88,2 тонна ангур ва 794,3 тонна дигар анвои маҳсулотро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд 50398,5 тонна пиёз содирот карда шуда, содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят дар маҷмуъ ба 62588,2 тонна баробар аст.

Рушди соҳаи саноат

Бояд зикр намуд, ки саноатчиёни вилоят дар тӯли 6 моҳи соли равон ба маблағи 4 миллиарду 316 миллиону 227,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешин ба андозаи 635 миллиону 236,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,5 фоиз таъмин намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят рушди саноатро аз 109% то 165% таъмин намудаанд. Зиёдшавии маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Данғара (179,3 миллион сомонӣ), Кӯшониён (58,4 миллион сомонӣ), Норак (48,4 миллион сомонӣ), Ш. Шоҳин (32,4 миллион сомонӣ), Кӯлоб (30,5 миллион сомонӣ), Ховалинг, Ҳамадонӣ (29,1 миллион сомонӣ), Бохтар (28,7 миллион сомонӣ) ва Вахш (25,1 миллион сомонӣ) ба вуҷуд омадааст.

Дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят ҳиссаи саноати истихроҷ 3,9 фоиз, саноати коркард 54,0 фоиз,  истеҳсол ва таъминоти нерӯи барқ 41,5 фоиз, дигар хизматрасониҳо 0,6 фоизро ташкил додааст.

— Бо таъсиси истеҳсолоти нав ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа низ тамоюли афзоишӣ дошта, дар ин давра аз вилоят ба маблағи 101 миллиону 742,7 ҳазор доллар маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла 15,5 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 40,7 млн доллар, 6,3 ҳазор тонна калобаи ришта ба маблағи 25,3 млн доллар, 803,5 тонна матоъ ба маблағи 3,2 млн доллар, 1275 тонна шираи камол ба маблағи 6,4 млн доллар, 1160 тонна орд ба маблағи 496,6 ҳазор доллар, 205 ҳазору 498 тонна семент ба маблағи 6,7 млн доллар, 370 тонна намаки ошӣ ба маблағи 5,1 ҳазор доллар, 884,8 тонна гачкартон ба маблағи 309,5 ҳазор доллар ва 467,5 миллион кВт/соат нерӯи барқ ба маблағи 19,1 млн доллар содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ ба маблағи 36,2 млн доллар ва ё 55,3 фоиз зиёд мебошад,- мегӯяд муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода.

Суръати маҳсулоти содиротӣ, аз қабили нахи пахта (5957,5 тонна), матоъ (803,5 тонна), маҳсулоти дорувории аввалия (1229,4 тонна), намак (23 тонна), гаҷкартон (884,8 тонна) афзудааст. Содироти калобаи ришта агар маҷмуан коҳиш ёфта бошад ҳам, аз рӯи нишондоди маблағ дар ҳаҷми 5 миллиону 434 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра истеҳсоли баъзе номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, аз қабили банду басти равғани муҳаррикҳои автомобилӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, матои тайёри пахтагин, трикотаж, матои рангкардашуда, либоси ҳарбӣ, тасма ва камарбанди ҳарбӣ, мизу курсиҳои филизӣ, истеҳсоли пойафзолҳои калону бачагона ва ҳарбӣ, рубероид, маҳсулоти чармӣ, маҳсулоти доруворӣ, зардолуи хушк ва баъзе намуди нӯшоба (квас ва оби ҷав, компот) ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми 6 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ — 7, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Сайид Алии Ҳамадонӣ — 5-ададӣ, Данғара, Панҷ – 4-ададӣ, Қубодиён, Бохтар, Муъминобод, Шаҳритус — 3-ададӣ, Кӯлоб, Норак, Темурмалик, Дӯстӣ — 2-ададӣ, Ёвон, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Левакант, Фархор, Балҷувон, Кушониён — 1-ададӣ корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар ин замина 1050 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” ва “Элдорадо”-и шаҳри Кӯлоб (3 коргоҳ: сафолакбарорӣ, сангу шағал ва сангрезабарорӣ), ҶДММ “Амири Дил” (коргоҳи равғанбарорӣ ва собунбарорӣ), дар маҷмуъ 9 коргоҳи иловагӣ бо дарназардошти 132 ҷойи корӣ бунёд шудааст. Дар ин корхонаҳо ба маблағи 18,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *