Хатлон. Ҳамкориҳо тақвият меёбанд

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо ҳайати намояндагони ширкати “Shanghai SUS Environment”-и Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот Дэвид Чжоу, намояндаи аввали ширкат дар Осиёи Марказӣ, Чентсяо Чжоу, менеҷер, сармоягузор ва ҳайати ҳамроҳонашон иштирок намуданд.

Ҳарду ҷониб доир ба густариши робитаҳои ду давлати дӯст мубодилаи афкор намуда, қаноатмандии хешро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мегардад, барои тақвияти ҳамкориҳо омодагии вилояти Хатлонро изҳор дошт.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки ширкати “Shanghai SUS Environment” соли 2008 таъсис ёфта, ба яке аз таъминкунандаи пешбари глобалии ҳалли экологӣ, бахусус дар соҳаи партов ба энергия (WtE) табдил ёфтааст.

Намояндагони ширкати мавриди назар ҳам омодагии худро барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба сӯзонидани партовҳо барои истеҳсоли неруи барқ баён доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *