Хатлон. Ҷалби беш аз 191 ҳазор кўдак ба истироҳат

Имсол дар вилояти Хатлон беш аз 191 ҳазор кӯдак ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд. Наврасон дар се марҳила ба истироҳату фароғат ҷалб хоҳанд шуд.

 Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки сафарбаркунии кўдакону наврасон ҳанӯз 10 июни соли равон шуруъ шудааст.  Аз шумораи умумии 191 ҳазору 200 наврасу кӯдак 6 ҳазору 180 нафари онҳо ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ равон карда мешаванд.

Беш аз 29 ҳазор каси дигар дар лагерҳои назди муассисаҳои томактабӣ, 17 ҳазору 680 кўдак ба лагерҳои варзишию ва 22 ҳазору 300 нафар дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб мешаванд.

Ҳамчунин, 6 ҳазору 310 кўдак дар муассисаҳои интернатӣ, 120 ҳазору 60 нафар ба лагерҳои меҳнатӣ – истироҳатӣ ва боқимонда ба ба истироҳати фароғатӣ – таълимӣ фиристода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *