Хатлон

Хатлон: Ҷаримаи беш аз 560 нафар дар як сол

Дар соли 2022 беш аз 560 нафар аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ҷарима шудаанд.

Сабаби асосии ҷарима бастани сокинон фурӯши маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда ва вайрон кардани талабот, меъёр ва қоидаҳои байторию санитарӣ будааст.

Ба иттилои масъулини ниҳоди мавриди назар, дар натиҷаи бастани ҷарима зиёда аз 112 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст. Дар соли сипаришудаи 2022-юм беш аз 202 ҳазору 300 намунаи маҳсулот ҷамъоварӣ ва санҷиш гузаронида шудааст. Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию санитарӣ, маҳсулоти пастсифат аз фурӯш гирифта шудааст.

— Бояд гуфт, ки таъмин ва назорати иҷрои талаботи байторӣ ва санитарӣ дар назорат буда, дар ин масъала пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *