Хатлон: Ҷинояткорӣ миёни ҷавонон 39 ҳолат зиёд шудааст
Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби наврасону ҷавонон 670 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, ҷинояткорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 39 ҳолат зиёд аст.
Қурбоналӣ Қурбононзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки ҳолати ҷиноят давоми сол зиёд шудааст. Вале содиркунандаҳои ҷиноят назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 285 нафар кам шудаанд.
Қурбоналӣ Қурбонзода ба суоли дигари хабарнигорон дар мавриди худкушии наврасону ҷавонон давоми шаш моҳи соли равон посух гуфта натавонист ва ё нахост, ки посух бигӯяд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ бо гузашти андаке бештар аз як дақиқа маълумот ҷустуҷӯ карду ҳеҷ посух наёфт. “Дар рафти нишаст ба суоли шумо ҷавон медиҳам”,- гуфт ӯ. Бо ҳамин, дигар ба суол посух гуфта нашуд.
Бо вуҷуди ин, ҷамъи дигари масуълони Раёсати болозикр дар толор иштирок доштанд. Мутаассифона, касе аз кормандони ин ниҳод ҳам ба ин суол посух нагуфт.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ