«Хатлон» ҷойи «Файзканд»-ро дар зинаи аввал гирифт
Баъд аз баргузории вохўриҳои мавқуфмондаи марҳилаи аввали Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа тағйирот сурат гирифт. «Файзканд» мавқеи худро дар садри ҷадвал аз даст дод ва «Хатлон» ба зинаи аввал баромад.
Аввал бозии мавқуфмондаи даври дуюм бо ширкати дастаҳои “Равшан”-и Кўлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд, ки дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар гол назаданд — 0:0. «Истиқлол» бо 21 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад, аммо аз дастаи зинаи аввал ду бозӣ камтар анҷом додааст.
Дастаи “Хатлон” дар бозии мавқуфмондаи даври нуҳум бар КМВА ғолиб омад (3:0) ва бо 22 имтиёз садрнишин шуд. Голҳоро дар ҳайати “Хатлон” Нуриддин Ҳамроқулов, Саидшо Бозоров ва Тоҳир Тағойзода заданд. “Хуҷанд” низ бо ҳисоби 3:0 бар дастаи “РегарТадАЗ” пирўз шуд. Голҳои турсунзодагиҳоро Далер Ёдгоров (ду гол), Сергей Сканян (як гол) ба номашон навиштанд. Бозиҳои даври навбатӣ рўзҳои 2, 3 ва 4-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар даври 14-ум 2-юми сентябр “Эсхата” бо “Регар-ТадАЗ”, 3-юми сентябр “Истаравшан” бо “Равшан”-и Зафаробод, “Равшан”-и Кўлоб бо КМВА ва 4-уми сентябр “Хуҷанд” бо “Хатлон”, “Файзканд” бо “Истиқлол” вомехўранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ