Хатлон: 10 оилаи ниёзманд соҳиби хона шуданд

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматиро ба истифода дода,  калиди хонаҳоро ба оилаҳои ниёзманд тақдим кард.

   Фармоишгар ва пудратчии иншоот “Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон” буда, корҳои сохтмонӣ дар он як сол қабл соли  2023 оғоз гардида 2024 ба анҷом расидааст.

Тибқи  итттилои ба даст омада,  барои бунёни хонаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ дар ин мавзеъ, дар маҷмуъ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гардида, махсусан ба Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро боз ҳам рӯҳбаланд намуда, вазифадор месозад, ки барои таъмини шароити созгор ва тарбияи фарзандон саҳми худро гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *