Хатлон 179 миллион сомонӣ бақияи қарз дорад
Дар даҳ моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон андаке бештар аз 105 дарсад иҷро шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки андоз аз даромад 94 дарсад ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард наздики 79 дарсад иҷро гардидаасту халос.
Тавре Сангин Саидзода — мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, давоми даҳ моҳи соли 2021-ум ба буҷети вилояти Хатлон беш 1 миллиарду 530 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 77 миллиону 934 ҳазор сомонӣ барзиёд мебошад. «Мутаассифона, аз ҳисоби пурра иҷро нашудани нақшаи андоз аз даромад ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба буҷет кам не, беш аз 34 миллион сомонӣ ворид нашудааст. Аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ду шаҳру як ноҳия нақшаи ҷамъоварии андозро таъмин карда натавонистанд. Шаҳри Бохтар 99 дарсад, Норак 90 ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бошад, 91 дарсад нақшаро иҷро кардаанду халос. Аз ин сабаб, 12 миллиону 239 ҳазору 400 сомонӣ ба буҷет ворид нашудааст,- таъкид кард ӯ.
Сангин Саидзода мегӯяд, ки дар маҷмуъ, бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бештар аз 179 миллиону 990 ҳазор сомонӣ аст. Ӯ гуфт, ки ин қарз дар аввали соли ҷорӣ 189 миллиону 917 ҳазор сомониро ташкил медод.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ