Хатлон: 27 маркази инкишофи кӯдак аз фаъолият боз монд

Бо сабабҳои гуногун дар оғози соли 2019 27 маркази инкишофи кӯдак дар вилояти Хатлон баста шуд.

Ба иттилои масъулони Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2018 теъдоди ин марказҳо ба 740 адад ва фарогирии кӯдакон 17881 нафарро ташкил медод. Дар ҳамин замина манбаъ иттило медиҳад, ки ин шумора дар соли таҳсили 2013-2014 405 ададро ташкил намуда буд ва ҷалби кӯдакон 9988 нафарро дар бар мегирифт. Қобили тазаккур аст, ки айни замон марказҳое, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ дар ду баст таъсис дода шудаанд, маблағи сарфу харҷи он ба зимаи волидон вогузор шудааст.

Қурбоншоҳ Хоҷаев, як сокини вилояти Хатлон зимни суҳбат ба хабарнигори сомонаи “Тоҷикистонтаймс” гуфт, ки моҳе қабл баҳри омодагӣ ба синфи якум фарзанди 6-солаашро ба маркази инкишофи кӯдаки яке аз муассисаҳои таълимии наздик ба манзили истиқоматиаш бурдааст. Дар маркази инкишофи кӯдаки ин муассиса кӯдаки шашсолаи ӯро қабул намуда, маблағи моҳонаашро 20 сомонӣ муқаррар кардаанд. Дар баъзе марказҳои дигар ин маблағ 25-30 сомониро низ ташкил менамояд. Бо ин маблағ кӯдак метавонад аз саҳар то  нисфирӯзӣ ё аз нисфирӯзӣ то анҷоми басти дуюми таҳсил ба омӯзиш машғул шавад.

Бар пояи иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон айни замон дар ҳудуди вилоят 479 ҳазору 776 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки теъдоди 142 адад муассисаҳои томактабӣ бо ҷалби 15482 кӯдак ва 740 марказ бо фарогирии 17881 кӯдак дар соли 2018 ва аз шумораи боло қатъи фаъолияти 27 маркази инкишофи кӯдак дар моҳи аввали соли 2019 ба талаботи давру замони муосир умуман ҷавобгӯ нест.

Як нукта боиси қайд аст, ки вилояти Хатлон дорои деҳаву ҷамоаҳои зиёд мебошад. Пӯшида нест, ки дар бештари ин деҳоту ҷамоатҳо муассисаҳои томактабӣ фаъолият надоранд ва фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак низ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Аз муқоиса ба омори болозикр нисбати ҷалби кӯдакону наврасон ба кӯдакистону марказҳои инкишофи кӯдак бар меояд, ки имрӯзҳо қариб 90 фисади кӯдакони вилоят аз таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд.

Тибқи як иттилое, ки соли сипаришуда аз мушовараи раёсати маориф дастрас шуд, тибқи нақша, бояд то соли 2020 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 365 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта, мавриди истифодаи кӯдакон қарор гирад. Аммо аз 365-и ҳангуфт давоми солҳои 2014-2018 яъне дар 4 сол, 4 адад ва агар зиёд бошад 5 адад муассисаи хусусии таҳсилоти томактабӣ мавриди исифода қарор гирифтаву 360 адади он дар рӯи қоғаз мондааст.

Шояд то анҷоми соли 2019 360 адад муассисаи томактабии хусусӣ мавриди истифода қарор гирад, зеро муҳлати охирини иҷроиши  барнома ё нақша соли 2020 аст –ку?

Шояд дар солҳои эълон шудани “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба истиқболи “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоикистон” баробари қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи деҳот, биноҳои зебову дилрабои кӯдакистонҳои давлативу хусусӣ низ мавриди истифода қарор мегирад ва дар самти ҷалби кӯдакони деҳот ба ин муассисаҳо қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Ҷомӣ ХАЛИФАЕВ,

вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *