Хатлон: 30 омӯзгор соҳиби имтиёз шуд
Дар шаш моҳи аввали соли равон 30 омӯзгори муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо замини наздиҳавлигӣ, полезӣ ва қарзи имтиёзнок таъмин шуданд.
Дар ин бора Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон зинми нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба таъкиди вай, аз соли 2007 то имрӯз ба 2 ҳазору 238 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ дода шудааст. Ӯ мегӯяд, ба беш аз 750 омӯзгор қарзи имтиёзнок дода шудааст.
-Наздики 190 омӯзгори хоҳишманд бо замин барои таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ таъмин шудааст, — афзуд вай.
Баъди қабули як қарор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин тараф омӯзгорон бо имтиёз таъмин мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз ҳама бештар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Кӯшониён бо замин барои бунёди хона таъмин шудаанд. Масъулин бо ин роҳ норасоии омӯзгориро дар муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот коҳиш доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ