Хатлон: 32 миллион сомонӣ саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳҳо

Дар соли 2021 соҳибкорони ватанӣ бо харҷи 31 миллиону 930 ҳазор сомонӣ роҳҳои автомобилгардро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъмир ва бозсозӣ намудаанд.

Дар ин бора Маҳмадулло Файзалиев, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ дод.

Ӯ мегӯяд, ки соли 2020 соҳибкорон барои беҳтар кардани ҳолати роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон низ саҳми калидӣ доштанд. Вале саҳми онҳо дар соли 2021 назар ба соли 2020 наздики 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёдтар будааст.

Бояд гуфт, ки аз ҷамъи умумии роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта 60 дарсадаш ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, боқимонда ба таъмир ва бозсозӣ ниёз доранд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *