Хатлон: 419 аз карантин рухсат шуданд

Имрӯз аз Беморхонаи клиникии вилоятии шаҳри Бохтар ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 419 нафаре, ки таҳти карантин қарор дошатнд, рухсат дода шуданд.

Раҷабзода Миралӣ, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, онҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ватан баргашта буданд баъди 21 шабонарӯзӣ дар карантин нигоҳдоштан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
Дар умум аз 1 феврал то имрӯз 672 шаҳрванд таҳти карантин қарор доштанд, ки то имрӯз 622 нафарашон бо ба анҷом расидани муҳлати карантинашон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
Ҳамчунин Раҷабзода Миралӣ, гуфт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то шаҳри Хуҷанд расонидани сокинони вилояти Суғд ва то шаҳри Душанбе расонидани сокинони ин шаҳр ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ микроавтобусҳо ташкил карда шуд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *